Миннатдории Эмомалӣ Раҳмон аз Шавкат Мирзиёев барои дастгирӣ

Президенти Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекаш дар ҳошиаи Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мулоқот карда барои дастгириҳо иҳзори сипос намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумат бо раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дидору мулоқот кард.
Мирзиёев барои ширкат дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Душанбе омадааст.
Президентҳо дар рафти вохӯрӣ ҷанбаҳои мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишварро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии президент.
Раҳмон аз ҷараёни баланди рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар ҳама соҳаҳо, изҳори қаноатмандӣ кард.
Рустами Эмомалӣ: таҳкими ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон аз афзалиятҳои сиёсати давлати мост
Кишвардорон ҳамчунин, зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок муҳокима намуданд.
"Ба ҷониби Ӯзбекистон ҷиҳати дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар раёсати Вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал изҳори сипос карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Кишвардорон давоми суҳбат, атрофи масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ гуфтугӯ карданд.