ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Вазири иқтисод ва молияи Ӯзбекистон Ҷамшед Кучкаров, қайд кард, ки ҳукумати кишвараш барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ дар шаҳри Ҷиззах форуми тиҷории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад
“Имсол дар вилояти Ҷизах баргузории ҳамоиши тоҷирони Узбакистону Тоҷикистон дар назар аст”, - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки дар солҳои ахир рушди ҳамкорӣ миёни соҳибкорони хурду миёна, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ, чорводорӣ, саноати хӯрокворӣ ва нассоҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
Вай гуфт ҳукумати ӯзбекистон б ҳамкориҳои байниминтақавӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Намунаи беҳтарини фаъолияти ҳукумати Ӯзбекистон ин ташкили “Форуми байниминтақавии ӮзбекистонуТуркманистон” дар шаҳри Бухоро ва баргузории Форуми байниминтақавии Ӯзбекистону Туркманистон дар шаҳри Тошканд аст.
Ҳамчунин вазири ӯзбек қайд кард, ки кишвараш ният дорад дар соли 2023 чунин форумҳои тиҷорӣ бо Тоҷикистону Қирғизистон низ баргузор кунад.
Ҳамчунин ба гуфтаи оқои Ҷамшед Кучкаров ҳукумати Ӯзбекистон ба ташкили марказҳои байнимарзии савдо ва кооперацияи саноатӣ тавваҷуҳ дорад, ки ояндаи хеле дурахшон доранд.