ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Шӯрои муқовимати миллӣ дар баёнияи аахираш эълон кардааст, ки агар ҷаҳон муқобили толибон тағйири мавзеи надиҳад, мумкин аст бори дигари шоҳиди ҳаводиси хатарноктаре аз 11 сентябр соли 2001 бошад, иттилоъ додааст “Радио дарӣ”.
“Афғонистон як бори дигар дар вазъияти мушобеҳи соли 2001 қарор гирифтааст ва толибон* ҳам акнун мисли гузашта заминаи ҳузури беш аз 22 гурӯҳи террористиро дар кишвар фароҳам ва Афғонистонро ба лонаи амни тероризм табдил додаанд”, - қайд шудааст дар баёния.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки акнун дар Афғонистон гурӯҳе мусаллат шудааст, ки бистари аслии ҳамалоти 11 сентябрро бо паноҳ додан ба раҳбар ва аъзои Алқоида* фароҳам карда буд, ҷаҳон бо ин гурӯҳ дар ҳол гуфт вгӯ ва "таъомули хушбоварона" аст.
Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон изҳор кардааст , ки шигифтӣ дар ин аст, ки ҷаҳон чигуна бо гурӯҳе, ки заминаи ҳузури неруҳои хориҷиро дар Афғонистон фароҳам кард ва дар муддати ҳудуди бист сол, даҳҳо ҳазор қурбонӣ аз мардуми ин кишвар гирифт ва ҳануз ҳам омили аслии рушди густаришу судури тероризм дар минтақа ва ҷаҳон аст, вориди таъомул шудааст.
11 сентябри 2001 чаҳор ҳавопаймои рабудашуда ба ду сохтимони созмони тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк бархурд кард, ки дар ин ҳамлаи террористии ҳудуди се ҳазор нафар кушта шуданд.
Амрико шабакаи Алқоидаро* омили ин ҳамалот донист ва ба баҳонаи паноҳ додани толибон* ба Афғонистон ҳамла ва лашкаркашӣ карданд.
Амрико ва муттаҳидонаш пас аз 20 соли ҳузур дар Афғонистон дар соли 2021 аз ин кишвар хориҷ шуданд ва толибони дубора дар Афғонистон ба сари қудрат омад.
*- созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.