ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён бо, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе дар маҳалли сафорат масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣро баррасӣ карданд.
Дар ин бора сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ зимни мулоқот тарафҳо ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ва вазъи Афғонистон таваҷҷуҳ ва табодули афкор намуданд.
Дар ин дидор ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ, ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва дурнамои рушди равобити Эрон ва Тоҷикистон табодули назар карданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон дар дидор бо вазири хориҷаи Тоҷикистон роҷеъ ба ҳолати кунунии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дурнамои рушди равобити Тоҷикистон бо Эрон табодули назар намуданд.
Бояд гуфт, ки 27 августи соли равон сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён вориди шаҳри Душанбе шуд.
Оқои Ҳақиқиён то қабл аз интисоб ба самти сафири Эрон дар Тоҷикистон масъулиятҳои мухталиф, аз ҷумла, мудири куллу дастёри вазир дар умури АвруОсиёии вазорати умури хориҷа, мушовири амниятии вазири умури хориҷа, кордори Эрон дар Ироқ, сафири Эрон дар Арманистон, сафири Эрон дар Покистонро дар савобиқ худ дорад.