"Дилшоди СБ" дар озодист: Кумакхоҳӣ аз тоҷикон барои пайдо кардани гумонбари қатли бонкдор

Додситонии кулли Тоҷикистон роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русияро ба ҳамкорӣ дар боздошти яке аз муттаҳамони қатли ноиби раиси "Ориёнбонк" даъват кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Узви гуруҳи муташаккили ҷиноии муттаҳам дар куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини якуми раис "Ориёнбонк" - Дилшод Саидмуродов, муаллаққаб ба "Дилшоди СБ" айни ҳол дар Русия қарор дорад.
Дар ин бора намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, зимни мулоқот роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони Русия иттилоъ дод.
Ба итилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар ин мулоқот роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони беш аз 50 минтақаи Русия иштирок доштанд.
Намояндаи додситонӣ тоҷикони Русияро даъват кард, ки барои дастгир ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ таслим намудани Дилшод Саидмуродов ҳамкорӣ кунанд.
"Ин камбудии мост": Раҳмон дар бораи рабудану куштори ноиби раиси "Ориёнбонк"
Таъкид шудаст, ҳар нафаре, ки вобаста ба буду боши ҷинояткор иттилоъ медиҳад, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешавад ва рақамҳои +7 (925) 908 63 39 барои тамос пешниҳод шудаанд.
Қаблан вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, аз ҷумла барои баррасии ҷустуҷӯ ва пайдо намудани Саидмуродов ба Маскав омада, бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев ин масъаларо баррасӣ намуд.
Вазорати корҳои дохилии Русия, гуфта буд, ки ду гумонбар дар куштори яке аз бонкдорон дар Тоҷикистон боздошт шуданд. Аммо зоҳиран "Дилшоди СБ" дар минёнашон набудаст.
Вазир: Дар дуздии муовини раиси "Ориёнбонк" ду корманди пешини ВКД даст доштанд
Мақомоти тоҷик қаблан итилоъ дода буданд, ки 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, баъдан дар натиҷаи шиканҷа ба қатл расондаанд.
Раҳбарии ин гуруҳро Дилшод Саидмуродов, мулаққаб бо номи "Дилшоди СБ", собиқ корманди мақомоти корҳои дохилии Тоҷиикстон ба ӯҳда доштаст, ки баъди содир намудани ҷиноят ба иттилои мақомот ба Русия фирор кардааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар умум дар ин ҷиноят 16 нафар даст доштаанд, ки аксарияти онҳо аллакай боздошт гардиданд.