Баррасии шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе

Вазири хориҷаи Тоҷикстону дар Душанбе дар дидор бо ҳамтои туркманаш муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни ду кишварро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазири хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорати хориҷа, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои муҳимми муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Зимнан диққати махсус ба омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, дода шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Баррасии масъалаи рушди илму маориф дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
Ёдовар мешавем, ки ҳамзамон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа матни лоиҳаҳои Изҳороти муштарак аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Изҳороти душанбегии сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ва номгӯи ҳуҷҷатҳои хотимавии саммитҳои дарпешистода мувофиқа шуда, барои баррасӣ ба сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод мешаванд.
14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) баргузор мегарданд.