ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон даври ниҳоии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар гурӯҳи I баргузор мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин бозӣ дастаҳои Тоҷикистону Австралия вориди майдон шуда, бозӣ дар майдони Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дастаи Тоҷикистон бар тими Лаос пирӯз шуда буд.
Ин бозӣ дар чаҳорчӯби даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи I сурат гирифт.
Дар ин ҷо бозигарони ҷавони то 23-сола ширкат доранд, ки онҳоро Мубин Эргашев сарварӣ мекунад.
Илова бар ин, Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими Сингапур пирӯз шуд.
Бозингарон тахти рохбарии мутахассиси хорватй Петр Сегрт ба ҳарифони худ ягон шонси пирӯзӣ надоданд.
Бозӣ бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт, ки рӯзи 8 сентябр дар варзишгоҳи Бишани Сингапур баргузор шуда буд.