ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Мушкилоти ҳалнашаванда ва монеаҳое дар мавриди қурби рубл ҷой надоранд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин.
Вай зимни суханронӣ дар Форуми иқтисодии шарқӣ дар Владивосток гуфт, омилҳое, ки ба қурби рубл таъсир доранд, идорашаванда мебошанд.
Путин аз ҷумла аз афзоиш меъёри бозтамвил, ки бо қарори Бонки марказии Русия амалӣ шуд, ҷонибдорӣ карда, афзуд, ки дар мавриди арзиши рубл ягон иқдоми ногаҳонӣ сурат намегирад.
"Ба сиёсати пулию қарзӣ машғул шудан муҳим аст, чун ҷилави вазъро аз даст диҳем, метавонад боиси таварруми идоранашаванда гардад, ки барои иқтисод бад мебошад", - гуфт ӯ.
Ахиран ёвари раисиҷумҳури Русия, Максим Орешкин дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқӣ дар Владивосток гуфт, авҷи заъфи рубл гузашта, ҳоло омилҳое ба таҳкими он далолат мекунанд.
Дар феҳрасти омилҳои таҳкимдиҳандаи қурби рубл коҳиши воридоти молу хизматрасонӣ дар охири сол, афзоиши содироту нархи нафт номбар гардиданд.
Ёвари президент афзуд, ки қарорҳои Бонки марказӣ – баланд бардоштани меъёри бозтамвилу тадбирҳои макропруденсиалӣ мутаносибан қарздиҳӣ ва берун рафтани сармояро бозмедорад.