Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ суханронӣ кард - видео

Қарор аст, ки раҳбари Федератсияи Руси оид ба вазъи сиёсиву иқтисодии кишвараш ва ҳамзамон сатҳи байналмилалӣ изҳороти муҳимеро ироа кунад
Sputnik
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти Форуми иқтисодии шарқӣ дар Владивосток суханронӣ мекунад.
Рӯзи сешанбе, 12 сентябр, рӯйдоди марказии чорабинӣ - пленарӣ баргузор мешавад.
Тавре қаблан маълум шуд, Путин тасмим гирифтааст, ки як қатор изҳороти муҳим кунад.
Форуми VIII иқтисодии шарқӣ 10 сентябр дар Владивосток дар кампуси Донишгоҳи федералии Шарқи Дур оғоз шуд. Чорабинӣ 4 рӯз давом мекунад.
Шарҳи ёвари президенти Русия дар мавриди ояндаи қурби рубл
Форуми иқтисодии шарқӣ як майдони калидии байналмилалӣ барои эҷод ва таҳкими робитаҳо байни ҷомеаи сармоягузории Русия ва ҷаҳон арзёбӣ мешавад. Дар доираи он ҳамчунин баррасии коршиносона ва ҳамаҷонибаи зарфиятҳои иқтитисодии Шарқи Дури Русия сурат мегирад.
Форуми мазкур бо фармони президенти Русия аз 19 майи соли 2015 бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисоди Шарқи Дур ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором таъсис дода шудаст.