Пешниҳоди ташкили низоми муосири ҳисоббаробарсозӣ миёни кишварҳои ИИАО ва БРИКС

Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши гардиши коло миёни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва БРИКС пешниҳод шуд, ки низоми боэътимоди ҳисоббаробаркунӣ фаъол шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Гардиши мутақобила миёни кишварҳои узви ду созмони байналмилалӣ афзоиш ёфта, содироти коло аз ҳудуди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба БРИКС дар нимсолаи аввали соли 2023 15% зиёд шудаст.
Ин нуктаро раиси ҳайати мушовараи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Михаил Мясникович дар иҷлосияи "ИИАО – БРИКС: нақш дар ташаккули ҷаҳони нави бисёрқутбӣ” дар Форуми VIII Иқтисодии Шарқӣ баён дошт.
Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки ҳамлу нақли коло афзоиш хоҳанд ёфт ва дар чунин шароит кишварҳо ба низоми муосир ва боэътимоди пардохт ниёз доранд.
Путин: Ғарб низоми муносиботи молиявиро вайрон мекунад
"Ман пешниҳод мекунам, ки вазоратҳои молия ва бонкҳои марказии кишварҳоямон омӯзиши ин масоилро дар робита ба ИИАО ва БРИКС то нишасти навбатии ин иттиҳодия дар Қазон дар соли 2024 мавриди коркард қарор диҳанд", - гуфт Мясникович.
Ӯ зикр намуд, ки бозори дохилии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз ҳисоби тавлидоти худӣ пурра бо молҳои аввалияи асосӣ таъмин мебошад.
“Мо ҳоло барои беҳбуди сифат кор талош дорем. Сухан дар бораи баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, коҳиши сарфи нерӯ ва мавод меравад. Ба он маъност, ки технологияҳои муосирро бояд ҷорӣ кард", - гуфт мақомдори ИИАО.
Вай аз ширкатҳои Чин, Ҳиндустон ва дигар кишварҳои БРИКС даъват кард, ки ҳамкориро дар бахши тавлиди дастгоҳҳои истеҳсолӣ, кимиёвӣ, дорусозӣ ва бахшҳои дигар тақвият бахшанд.
Михаил Мясникович зикр намуд, ки дар ҳудуди ИИАО беш аз ду ҳазор майдони саноатӣ, тақрибан 500 парки саноатӣ, 70 минтақаи махсуси озоди иқтисодӣ ва зиёда аз 100 ҳудудҳои афзалиятноки рушд мавҷуд мебошанд.