ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Таъмини бомбаҳои кассетӣ ё худ хӯшаӣ ба Киев дар майдони ҷанг барои артиши Украине пешравиеро наовард.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар ҳамоиши байналмилалии шарқӣ дар Владивосток баён дошта, таъкид намуд, ки амалиёти ҳамлаи ҷавобии артиши Украина муваффақ нашудаст.
"Натиҷаи ҳамлаи ҷавобӣ нест, талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина 71 ҳазор нафар, 543 танк, 18 ҳазор мошини зиреҳпӯшро ташкил медиҳад", - гуфт Путин.
Вай дар зимн аз шумораи ихтиёриёне гуфт, тавассути бастани шартнома ба қувваҳои мусаллаҳи Русия мепайванданд.
"Дар зарфи 6-7 моҳи охир 270 ҳазор нафар бо Қувваҳои Мусаллаҳи Русия шартнома бастаанд. Мардон ба ин кор дидаву дониста, огоҳона ба ҳимояи Ватан мераванд", - изҳор дошт Путин.
Дар мавриди оғози музокирот раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки чунин эҳтимолиятро истисно намекунад.
Агар Иёлоти Муттаҳида боварӣ дошта бошад, ки Украина ба музокирот омода аст, бигзор онҳо фармони Зеленскийро дар бораи манъи музокирот бекор кунанд, гуфт ӯ.
Ба иттилои Маскав, ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Южнодонетск, Артёмовск ва пеш аз ҳама дар самти Запороже рӯзи 4 июни соли равон оғоз шуда, то ҳоле ҳеч натиҷаеро надодаст.