ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Футболбозони тими "Истиқлол"-и Душанбе рӯзи 19 сентябр бо дастаи “Ал-Дуҳайл”-и Қатар зӯрозмоӣ мекунад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин зӯрозмоӣ дар доираи мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё - 2023/24 сурат мегирад.
Манбаъ афзуд, ки бозӣ бо "Ал-Дуҳайл" дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 21:00 сурат мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё, ки дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия барои мавсими 2023-2024 доир шуд, тими футболи “Истиқлол” дар гурӯҳи "Е" бозӣ мекунад.
Футболбозони бошгоҳи душанбегӣ бо намояндагони Эрон (тими "Персполис"), "Ал-Дуҳайл"-и Қатар ва дастаи "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ қувваозмоӣ менамоянд.
Тавре маълум аст, футболбози афсонавии Португалия Криштиану Роналду феълан дар бошгоҳи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад ва мухлисони футболи тоҷик интизор доранд, ки ӯро дар Душанбе мебинанд.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар як минтақа, инчунин се даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро мегиранд, ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.