ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Авҷи заъфи рубл гузашта, ҳоло омилҳое ба таҳкими он далолат мекунанд, аз ҷумла мақомот барои маҳдуд кардани хуруҷи сармоя корбарӣ доранд.
Ин нуктаро ёвари раисиҷумҳури Русия, Максим Орешкин дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқӣ дар Владивосток баён дошт.
"Агар ба оянда нигарем, маълум аст, ки ҳисоби ҷорӣ барқарор мешавад. Воридоти молу хизматрасонӣ дар охири сол каме коҳиш хоҳад ёфт. Содирот хеле афзоиш хоҳад ёфт, зеро нархи нафт барқарор шуд", - гуфт ӯ.
Ёвари президент афзуд, ки қарорҳои Бонки марказӣ – баланд бардоштани меъёри бозтамвил, тадбирҳои макропруденсиалӣ ин мутаносибан қарздиҳӣ ва берун рафтани сармояро бозмедорад.
Ба гуфтаи вай, барои заъфи рубл чанд сабаб дошт, ки коҳиши нархи нафт дар нимсолаи аввалу барқароршавии ҳаҷми воридот аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Орешкин изҳор дошт, ки дар гардиши савдои хориҷӣ воридкунандагон аз бозорҳои ғарбӣ ба бозорҳои ҷанубӣ ва шарқӣ рӯй оварданд. Афзоиши воридот натиҷаи рушди иқтисод мебошад, изҳор дошт ӯ.
Ёвари президент ҳамчунин хуруҷи сармояро яке аз омилҳои коҳиши қурби рубл номида, афзуд, ки мақомот - Бонки марказӣ якҷоя бо ҳукумат чораҷӯӣ доранд, то содироти он коҳиш ёбад.
Форуми VIII иқтисодии Шарқ рӯзҳои 00-13 сентябр дар Владивосток дар кампуси Донишгоҳи федералии Шарқи Дур ҷараён дорад.