Дар Данғара нақша доранд даҳҳо корхонаи нав созанд

Ба шарофати ворид шудани сармояи хориҷӣ ва дохилӣ дар солҳои охир ноҳияи Данғара ба яке аз минтақаҳои саноатии вилояти Хатлон табдил ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Данғара ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 1,5 млрд сомонӣ расид.
Ҳамин тариқ, дар 7 моҳи соли 2023 афзоиши тавлидоти корхонаҳои саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти ҳукумати ноҳияи Данғара хабар доданд.
Инчунин қайд карда шуд, ки шумораи корхонахои саноатй ва коргоҳҳо сол то сол меафзояд.
Суғд наздики 250 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунад
Қобили зикр аст, ки ба шарофати ворид шудани сармояи хориҷӣ ва дохилӣ дар солҳои охир ноҳияи Данғара ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи саноатии вилояти Хатлон табдил ёфтааст.
Ба гуфтаи масъулон, дар чаҳорчӯби Барномаи саноатии босуръати Тоҷикистон, ки то соли 2025 амалӣ мешавад, дар минтақа корхонаҳои нав бунёд мешаванд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба истифода додани 28 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар назар аст.
Дар ноҳия асосан корхонаҳои коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла, бофандагӣ рушд мекунанд.