ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар гурӯҳи "I" миёни Тоҷикистону Лаос бо шикасти дуввумӣ анҷом ёфт.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаи ҷумҳурӣ дар рӯзи таҷлили истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими Лаосро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.
Дастёбӣ ба пирӯзӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев то охирин дақиқаҳои бозӣ бо тими Лаос дар ҳолати бохт қарор дошт.
Голи аввали бозиро футболбози лаосӣ, Дамот Тонгкхамсават дар дақиқаи 54-ум вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд.
Содиқҷон Қурбонов, дар дақиқаи 90-ум ҳисоби бозиро баробар ва Руслан Хайлоев дар дақиқаҳои охирини бозӣ ҳисобро 2:1 ба фоидаи тими Тоҷикистон кард.
Бозӣ дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар ҳузури беш аз 5 ҳазор тамошобин сурат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки дар оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дастаи Лаос аз тими Австралия бо ҳисоби калони 1:7 шикаст хӯрда буд.
Бозии тими Тоҷикистон бо мунтахаби Австралия 12-уми сентябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе дар назар мебошад.