Расонаҳо: дар марзи Тоҷикистону Афғонистон урдугоҳҳои нави террористон таъсис ёфтааст

Расонаҳои покистонӣ аз бунёди урдугоҳҳои нави террористони “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Гурӯҳи террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” (мамнӯъ дар Русия) дар Афғонистон, ки бештар аъзоёни он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон урдугоҳҳои нав бунёд кардааст.
Дар ин бора нашрияи покистонии “Pak Afghan Affairs” хабар додааст.
Ба иттилои ин расона як гурӯҳи тундрав бо номи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" дар вилояти Бадахшони Афғонистон, дар паҳлӯи фурудгоҳи ин вилоят, дар канори шаҳри Файзобод (маркази маъмурии ин вилоят) урдугоҳҳои нав бунёд кардааст.
“Ба гуфтаи манобеъ, дар ин урдугоҳ аз 50 то 60 интиҳорӣ ҷойгир карда шудаанд”, - навиштааст ин нашрияи покистонӣ, ки вазъи амниятӣ дар минтақаро назорат, таҳқиқ ва таҳлил мекунад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш КДАМ аз нобуд намудани се ҷангҷӯи ин гурӯҳ дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон хабар дода буд.
КДАМ: Амали террористӣ дар арафаи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон пешгирӣ шуд
Пас аз як рӯз ҷангҷӯёни Толибони покистонӣ марзи Афғонистону Покистонро дар вилояти Нуристони Афғонистон убур карда, ба ду посгоҳи нерӯҳои Покистон дар минтақаи Читрал ҳамла карданд.
Бар асоси ин гузориш, "кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз гурӯҳҳои сершумори ҷангҷӯён, ки дар Афғонистон паноҳ ёфтаанд ва фаъолият мекунанд ва аз қаламрави Афғонистон барои содироти амалиёти худ дар минтақа истифода мекунанд, изҳори нигаронии ҷиддӣ кардаанд".