Ҷоизаи филмофарони тоҷик дар ҷашнвораи филмҳои мусалмонӣ дар Қазон

Филми коргардонҳои тоҷик Муҳиддини Музаффар ва Алиҷон Ҷалилов дар номинаҳои мухталиф дар Ҷашнвораи филмҳои мусалмонӣ дар Қазон соҳиби ҷоиза гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ҷоизаи асосии Фестивали байналмиллалии филмҳои мусулмонӣ дар Қазонро "Бе маслиҳати пешакӣ"-и коргардони эронӣ, Беҳрӯз Шуайбӣ соҳиб шудааст.
Дар ин бора баргузоркунандаҳои ҷашнвора иттилоъ дода, зикр намуданд, ки дар ҷашнвора беш аз 52 асар аз 21 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон низ пешниҳод шуданд.
Филми "Дов"-и коргардони тоҷик Муҳиддини Музаффар ва "Алиф.До.Ре.Ми"-и Алиҷон Ҷалилов соҳиби ҷоиза ва диплом шуданд.
Санаи баргузории синамоҷашни байналмилалии "Тоҷи Сомон" маълум шуд
"Беҳтарин филмнома"-ро "Дов" соҳиб гашта, коргардони ҷавони тоҷик Алиҷон Ҷалилов барои филми мустанади "Алиф.До.Ре.Ми" соҳиби дипломи Иттиҳоди киношиносон ва мунаққидони синамои Русия дар номинаи "Қадами аввал дар синамо" шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмуъ Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора се филм намояндагӣ мекарданд.
Маросими ҷоизасупорӣ дар Театри давлатии академии ба номи Галиаскар Камол баргузор гардид.