ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифт шуда буд, ки чоряки он иҷро гардид.
Дар ин бора ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки иншооти сохташудаю бунёдшаванда таъйиноти гуногун доранд.
Манбаъ афзуд, ки дар соли 2022 ва нимсолаи аввали 2023 сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими беш аз 3,1 ҳазор иншоот ба анҷом расонда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бахшида ба ҷашнҳои бузург нақшаи бунёдкориҳо эълон карда мешавад, ки бо ҷалби бахшҳои мухталифи ҷомеа, аз буҷаи давлат то соҳибкорӣ амалӣ мегардад.
Аз ҷумла қаблан бахшида ба 30-ссолагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар маҳалҳо зиёда аз 8,2 ҳазор иншоот бунёд гардиданд.
Ҳукумати Суғд мегӯяд, ба ин феҳраст аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактабӣ, беморхона, бунгоҳ ва марказҳои тиббӣ, дорухона, майдонча ва толорҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, китобхона ва ғайра ворид мебошанд.