ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон филми ҳуҷҷатӣ дар бораи пиряҳои ҷумҳурӣ ба навор гирифта мешавад.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" хабар додааст.
Синамогарони кишвар аллакай ба таҳияи филми "Пряхҳои Тоҷикистон" шурӯъ кардаанд.
Кор то декабри соли 2023 идома меёбад. Ҳамчунин омода ва нашри як албоми акс бо ҳамин ном дар назар аст.
Филми мустанад аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радио бо мусоидати Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи илмҳои миллӣ таҳия ва муаррифӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси эълони соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешбарӣ карда буд.
Бояд гуфт, ки аз 14 ҳазор пирях, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ воқеъ аст, ҳазораш дар давоми чанд даҳсолаи охир комилан аз байн рафтааст.
Дар натиsаи таъсири тағйирёбии иқлим, махсусан гармӣ, суръати обшавии онҳо тезтар шудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон "Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030" амалӣ мешавад.