ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар давоми 8 моҳи соли равон дар вилояти Суғд беш аз 200 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ ба истифода дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, зимни гузориш аз ҷаласаи идона бахшида ба таҷлили 32-солагии Истиқлоли Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, дар корхонаи нав наздики 2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фаъол гардид.
Ҳукумати Суғд мегӯяд, айни ҳол дар қаламрави вилоят 1023 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ фаъолият доранд.
Дар мавриди он, ки ин корхонаҳо чӣ истеҳсол мекунанд, зикр шудааст, ки феҳрасти маҳсулоти асосии саноатӣ зиёда аз 248 номгўйро фаро мегирад.
"Аз соли 1991 то имрӯз шумораи корхонаҳои хурду калони саноатӣ 904 адад зиёд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол аз сол афзоиш ёфта истодааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки соли 2022 ба маблағи беш аз 24 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2010-ум қариб 8 баробар зиёд мебошад.
Манбаъ афзуд, ки дар умум маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар соли 2022 наздики 32 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000-ум зиёда аз 65 баробар бештар аст.