ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Аз 9 то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе ярмаркаю фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, имкон пайдо мешавад, ки маҳсулоти тару тоза ва хушсифат аз деҳқонони ватанӣ дар ҷойҳои зерин харидорӣ карда шавад:
боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосима Фирдавсӣ;
боғи маданият ва истирохати "Ирам";
боғи фарҳангу фароғатии "Куруши Кабир";
боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ;
боғи фарҳангу фароғатии ба номи Алишер Навоий;
боғи фарҳангу фароғатии "Кӯли ҷавонон".
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 9-уми сентябр сокинони Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии давлатии кишвар - Рӯзи истиқлолро таҷлил мекунанд.
Дар ин рӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисони вилоятҳо ва ноҳияҳо чун анъана паёмҳои идона мекунанд.
Онҳо дар паёмҳои худ аз муваффақиятҳои ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолият гузориш медиҳанд.
Соли 2023 дар ҷумҳурӣ 32-солагии санаи фаромӯшнашаванда таҷлил мегардад. Исол сокинони кишвар дар рӯзҳои ҷалили он се рӯз истироҳат хоҳанд кард.