Мубориза барои захирахои об дар Осиёи Миёна вусъат меёбад: Роҳҳал чист?

Дар минтақаи маъмулан хушк, ки Осиёи Марказӣ аст, ихтилофот байни кишварҳо минтақа бар сари тақсими захираҳои об торафт авҷ мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik, Григорий Ростов. Шартномаҳои тақсимоти баробарҳуқуқи об, ки дар солҳои ҳокимияти Шӯравӣ баста шуда буданд, аз сабаби метаморфозҳои иқлимӣ, ки боиси паст шудани сатҳи дарёҳо ва кам шудани ҳаҷми обе, ки барои хоҷагии қишлок зарур аст, ба талаботи ҳозира ҷавоб дода наметавонанд.
Ин ба навъҳои гуногуни ҳолатҳои ғайричашмдошт оварда мерасонад. Масалан, муноқишаи ахири байни Қирғизистон ва ҳамсояи Осиёи Марказӣ. Ин дар бораи баҳсҳо бо Тоҷикистон нест. Гап дар сари он аст, ки Бишкек аз обанбори Киров ба Қазоқистон додани оби ирригатсионӣро қатъ кардааст. Дар натиҷа дар ноҳияҳои Бойзоқ, Талас ва қисман Ҷамбули ҷумҳурии ҳамсоя нарасидани об ба амал меояд.
Ин қисми азими зироатҳои хоҷагии қишлоқро зери хатар қарор медиҳад, деҳқонон бонги хатар мезананд.
"Тақсими об бо Қазоқистон тибқи ҷадвали обанборҳо сурат мегирад, ки ҳамасола қабл аз оғози мавсими кишт таҳия ва бо ҳамраисҳои Комиссияи оби Чу-Талас ба имзо мерасад. Аммо дар соли 2023 ҷадвалҳо танҳо дар моҳи июн бо дарназардошти вазъи кунунии манбаи ками об тасвиб шуд”, - шарҳ доданд дар Вазорати кишоварзии Қирғизистон.
Ба гуфтаи вазорати кишоварзӣ, кишвари ҳамсоя аллакай лимити обро интихоб кардааст, бинобар ин интиқоли он мутаваққиф шудааст. Қарори дахлдор бо розигии ҷонибҳо ба расмият дароварда шудааст.
"Зарар аз камобӣ ба киштзорҳои вобаста ба дарёи Талас тақрибан 560 гектарро ташкил дод (барои ҳудуди 26 ҳазор гектар шартнома баста шудааст, яъне қариб 99% ҳосил ҳифз шудааст). Тадбирҳо маҷбурӣ буданд ва дар маҷмӯъ, тавре таҷриба нишон дод, онҳо асосноканд", - гуфт хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии Қазоқистон.
Вазорат талафотро қобили қабул шуморида буд, аммо ахиран дар вилояти Ҷамбули ҷумҳурӣ бинобар беобӣ, ки 80 дарсади он аз Қирғизистони ҳамсоя ба ин ҷо меояд, ҳолати изтирорӣ эълон карда шуд. Дар ин ҷо сухан дар бораи талафи қариб 25—30% ҳосил меравад.
Қасди Тоҷикистон барои обёрӣ бо харҷи камтари барқ
Агар ба таърихи начандон дур таваҷҷуҳ кунед, ин аввалин баҳси ду кишвар дар мавриди захоири об нест. Масъалаҳои истифодаи об қариб ҳар сол такрор мешаванд. Ин низомнома ҳанӯз дар замони шӯравӣ имзо шуда буд. Тибқи ин санад 52% дарёи Чу ба Қирғизистон, 48% ба Қазоқистон тааллуқ дорад, вале Талас 50 ба 50 тақсим шудааст. Об дар обанбори Киров, ки аз Талас ба он ворид мешавад, ҳисоб ва пасон тақсим мешавад.
Ҳамин тавр, 79% оби обанбор ба ҳамсояҳо меравад. Аммо он чизе, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ қобили қабул буд, ҳоло дар пасманзари тағйирёбии иқлим дар минтақа ва зиёд шудани хушкӣ вобаста ба ин, дигар талаботи кишварҳои Осиёи Марказиро, ки дар поёноби дарёҳо ҷойгиранд, қонеъ намекунад.
Ҳамин тариқ, Остона нияти ислоҳи созишнома бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар мавриди Сирдарёро изҳор мекунад. Дар назари аввал дигар сарони давлатҳо аз ӯ пуштибонӣ мекунанд.
“Мо ҷонибдори таҷдид ва такмили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созишномаи истифодаи захираҳои обӣ ва энергетикии дарёи Норин-Сирдарё байни Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз соли 1998 дар бораи мубодилаи мутавозини об ва захираҳои энергетикӣ ҳастем", - гуфт президент Содир Ҷабборов дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Ота дар соли 2022.
Гузашта аз ин, Қазоқистон, ки пайваста ба камбуди об барои заминҳои обӣ рӯбарӯ мешавад, талош дорад, ин масъаларо аз ҳисоби ҳамсояи шимолии худ – Русия ҳал кунад. Аниқтараш, ба воситаи эҳёи лоиҳаи Шӯравӣ дар бораи баргардондани дарёҳои Сибир барои обшор гардонидани минтақа.
Аммо Маскав барои дидор бо Остона шитоб намекунад ва барои ин далелҳои беш аз ҳад зиёд вуҷуд дорад. Аввалан, зарари бузурги экологӣ ба қаламрави Русия аз чунин лоиҳаи азим ҳанӯз дар замони ИҶШС хеле хуб ҳисоб карда шуда буд. Воқеан, аз бисёр ҷиҳат аз ҳамин сабаб идея амалӣ нашуд.
Сониян, мушкилӣ дар замони Шӯравӣ он қадр муҳим набуд, чун ҳоло, ки давлатҳо мустақил шуданд.
Эҳтимол, Кремл саволҳои комилан мантиқӣ медиҳад, ки сохтмони азим аз ҳисоби кӣ сурат мегирад, оё Остона зарари экологиро ҷуброн мекунад ва оё баъдтар пули обро дуруст пардохт мекунад?
Раҳмон ба зарурати андешидани чораҳои фаврӣ дар бахши об таъкид кард
Тоҷикистон бешубҳа дар ин силсилаи муноқишаҳои обӣ иштирок мекунад, аммо то андозае дар канор аст. Гап дар сари он аст, ки захираи об дар ҷумҳурӣ назар ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна зиёд аст. Сарчашмаи асосии онҳо пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ аст.
Дар маҷмӯъ, маҷрои миёнаи дарёҳои дар ин ҷо ҳосилшуда 64 км³/сол, аз ҷумла дар ҳавзаи Амударё 62,9 км³/сол ва дар ҳавзаи Сирдарё ба 1,1 км³/ дар сол баробар аст. Дарёҳои Тоҷикистон дар маҷмуъ 55,4% маҷрои миёнаи солонаи ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳанд.
Қисми зиёди захираҳо барои зироаткорӣ истифода мешаванд, ки қариб 80%-и маoсулоти хоsагии қишлоқро медиҳад. Дуюмин истеъмолкунандаи калонтарин бахши гидроэнергетикӣ мебошад, ки зиёда аз 95% қувваи барқро дар кишвар истеҳсол мекунад.
Бо вуҷуди ин, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як сол мешавад, ки аз шиддат гирифтани мушкилоти об на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар саросари ҷаҳон ҳарф мезанад.
Сарвари давлат давра ба давра аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҳамоишҳои байналмилалӣ аз тағирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва паст шудани сатҳи дарёҳо ёдовар шуда, ба муборизаи муштарак бо ин балоҳо даъват мекунад.
Дар Тоҷикистон имсол ҳам лимити барқ ҷорӣ мешавад?
Аммо то кунун ҷомеаи ҷаҳонӣ бидуни андешидани чораҳои амалӣ танҳо бо баргузории конфронсу симпозиум ва монанди инҳо маҳдуд аст.
Дар ҳамин ҳол, норасоии об ба яке аз мушкилоти мубрами Осиёи Марказӣ табдил меёбад, ки тамоюли қавии болоравиро дорад.
Бино ба пешбинии иқлимшиносон, то соли 2040 дар бархе аз кишварҳои минтақа сарборӣ ба захираҳои об 2,8 баробар афзоиш хоҳад ёфт. То соли 2050 дарёи Сир метавонад 15% паст шавад, ки ин барои хоҷагии деҳоти поёноб як офат хоҳад буд.
Ба гуфтаи экологҳо, агар танзими доимии ҷараёни об, яъне сарфаи об ва автоматикунонии тақсимоти обро ҷорӣ кунем, имкони пешгирӣ аз чунин рушди ғамангези ҳодисаҳо вуҷуд дорад.
"Вазъиятро метавон беҳтар кард, агар мо самаранокии истифодаи захираҳои обу заминро баланд бардорем, талафотро бо такя ба захираҳо дар танзими захираҳои об кам кунем. Ин кофӣ хоҳад буд, ки маҳдудияти қатъии гирифтани об байни кишварҳо таъмин ва ба риояи меъёрҳои муқарраршуда дар мавсими кишт риоя карда шавад", - итминон дорад эколог Зумрад Набиева.
Аммо дар ин масъала амалан пешравӣ дида намешавад. Рутубати гаронарзиш дар ҳамаи мамлакатҳои Осиёи Миёна сарфи назар аз талафоти зиёд ва каммахсул ба таври худ истифода мешавад.
Оғози сохтмони канали Қуштеппа дар Афғонистон ба оташ сӯзишворӣ мерезад, ки ҳадафаш гирифтани ҳаҷми зиёди об аз Амударё мебошад, ки таҳдиди ба таври назаррас аз даст додани интиқоли умумии онро (аз 15% тибқи баъзе ҳисобҳо то 50%) дорад.
Коршиносон бонги изтироб мезананд: Лоиҳаи Толибон* метавонад Осиёи Марказиро бе об гузорад
Ин мустақим ба деҳқонони Ӯзбекистону Туркманистон мушкилоти ҷиддиро ба миён меорад. Умуман, дар ояндаи наздик интизори ташдиди муборизаи байни кишварҳои минтақа барои чунин захираи серталаб шуд.
Танҳо метавон умедвор буд, ки мақомоти кишварҳои даргир дар мунозеоти худ, хиради лозимро бораи тақсимоти одилонаи он ба манфиати тамоми халқҳои сокини Осиёи Миёна пеш мегиранд.
Дар воқеъ, ҳанӯз дар дар замонҳои қадим Антуан де Сент-Экзюпери беҳуда нагуфта буд: "Об! Ту на мазза, на рангу на бӯй дори, туро тавсиф кардан номумкин, аз ту лаззат мебарӣ, чӣ будани туро намефаҳмӣ. Ту на танҳо барои ҳаёт зарурӣ, ту ҳаёти".