Гуруҳи муттаҳам дар қочоқи қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҷангӣ, ба иттилои ФСБ дастгоҳҳоро харида, баъди таъмир ба муштариёни хориҷӣ, аз ҷумла барои эҳтиёҷоти артиши Украина мефурӯхтаанд.
"Фаъолияти як гурӯҳи муташаккили машғул ба муомилоти ғайриқонунии таҷҳизоти низомӣ ошкор шуд, ки аз ҷумла ҷузъҳои ҳавопаймҳоро ба кишварҳои Аврупо интиқол медодаанд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки аъзои гурӯҳ дар Русия қисмҳои ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҷангиро харида, баъди таъмир ба муштариёни хориҷӣ, аз ҷумла барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина мефурӯхтанд.
ФСБ афзуд, ки аз гуруҳ зимни боздошт беш аз 100 адад маҳсулот барои ҳавопаймоҳои низомӣ, 117 ҳазор доллар ва 59 ҳазор евро мусодира шудааст.
"Дар бораи ширкати боздоштшудаҳо дар ташкили корҳои тармим ва барқарорсозӣ дар робита ба ҷузъҳои ҷузъҳои ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомии Украина далелҳои санадӣ дарёфт карда шуданд", - гуфт ФСБ.
Ниҳоди мазкур таъкид намуд, ки дар робита ба қочоқи техникаи низомӣ аз ҷониби як гурӯҳи муташаккил парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқот идома дорад.