Раиси Хатлон ба фаъолони вилоят мукофот дод

Раиси вилояти Хатлон зимни маросими супоридани мукофотҳо қайд кардааст, ки истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин комёбии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Мақомоти вилояти Хатлон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд ва аз ҷони би Президент ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида буданд, супориданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Дар ин маросим раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода ширкат варзиданд.
Давлаталӣ Саид зимни маросими супоридани мукофотҳо қайд кард, ки Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин комёбии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистониён 3 рӯз паиҳам истироҳат хоҳанд дошт
“Тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон, хуб медонанд, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза чӣ қадар мушкилоти сахтро паси сар кардем. Роҳи таърихие, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик сию ду соли охир тай намуд, масири пур аз монеаву мушкилот буд. Бинобар ин, Истиқлолият ба маънои томаш неруи бузург, рамзи ободию озодӣ ва ҳамдиливу садоқатмандӣ мебошад”, - гуфт Давлаталӣ Саид.
Дар ҳамин ҳол, муовини Сарвазири кишвар зимни суханрониаш қайд кардааст, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон дар атрофи раисҷумҳур беш аз пеш муттаҳидтар шуда, дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳми шоиста мегузоранд.
Дар идома маросим тақдими мукофотҳои давлатӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти вилояти Хатлон ба як қатор фаъолони вилоят сурат гирифт.