ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар Беларус дар наздикии марзи Лаҳистон размоиши Нерӯҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гардид.
Барномаи размоиши машқҳои тактикии "Ҳамкорӣ - 2023" дар тамрингоҳи Брестский, 4 километр дуртар аз Лаҳистон баргузор шуд, менависад ТАСС.
Бар асоси барнома, душман як қисми қаламрави наздисарҳадӣ, аз ҷумла якчанд маҳаллаҳои аҳолинишинро таҳти назорати худ даровардааст.
Гурӯҳи махсуси Нерӯҳои муштараки вокуниши фаврии СААД, афроди мусаллаҳи ғайриқонуниро ошкор ва безарар кард. Якҷоя бо кормандони хадамоти сарҳадӣ ва корҳои дохилӣ минтақаи ишғолшуда озод карда шуд.
Дар ин марҳалаи машқҳо воҳидҳои низомии Белорус, Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон иштирок дошта, инчунин аз ҳавопаймоҳо, тӯпхонаҳо ва зиреҳпӯшҳо истифода карданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ба размоишҳо дар Белорус беш аз 2,5 ҳазор нафар низомиён ҷалб шудаанд. Тамринро ҳамчунин намояндагони давлатҳое назорат карданд, ки узви СААД набуданд.
Раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко пештар изҳор дошта буд, ки ин машқҳо алайҳи ягон кишвари ҳамсояаш равона нашуда, танҳои размоиши тактикӣ мебошад.