ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ахиран мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Кучгелдиев Олег, роҳбари Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон (FAO) сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин тарафҳо дастрасӣ ба технологияи нав, таъмини тухмиҳои хушсифат ва ҳосилдиҳанда, ҷалби воситаҳои гранти барои рушди соҳибкории занон ва оиди дигар масъалаҳои муҳиме, ки барои пешравии вилояти Хатлон ба шумор мерафт баррасӣ намуданд.
Дар ин музокирот мақомоти Хатлон қайд кардааст, ки FAO дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизо саҳми арзанда гузошта истодааст.
Тарафҳо зимни мулоқот изҳори умедворӣ карданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо бештар дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят рушд медиҳанд.