ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористии КДАМ Тоҷикистон дар минтақаи наздимарзӣ бо Афғонистон як гуруҳи сенафариро безарар гардондааст, ки иттилои ин ниҳод нияти ташкили амали террористӣ доштанд.
Ба иттилои КДАМ, ин гуруҳ шаби 29 ба 30 августи соли ҷорӣ хати сарҳад бо Афғонистон дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвозро убур намуда, ба таври ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон шуданд ва таҳти назорати мақомот қарор гирифтанд.
"Гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, қаламрави масири ҳаракати террористон дар минтақаи наздисарҳадӣ иҳота ва зери назорат гирифта шуд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки субҳи 5 сентябр дар лаҳзаи мувофиқ, дастаи зиддитеррористии амниятӣ ҳалқаи иҳотавиро дар макони будубоши террористон маҳдуд сохта, аз аъзоёни гурӯҳи террористӣ талаб намуд, ки таслим шаванд.
КДАМ афзуд, ки террористон дар посух оташ кушоданд ва дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ ҳар 3 нафар безарар гардонида шуданд.
Ба иттилои ин ниҳод, дар баробари силоҳҳои дар ихтиёри террористон қарордошта, қаблан, аз ҳудуди кишвари ҳамсоя миқдори ҳаҷман калони аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, воситаҳои алоқа барои таъмини террористон интиқол ва дар пинҳонгоҳ ҷой карда шудаанд, ки мусодират гардиданд.
КДАМ аз кушташудагон зодагони шаҳри Исфара, Нуробод ва шаҳри Кӯлоб ном бурдааст, ки узви "Ҷамоати Ансоруллоҳ"* буда, қаблан таҳти пайгард қарор доштаанд.
*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия