ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik, Виктор Жданов. Новобаста аз таҳвили намунаҳои беҳтарини аслиҳаи Амрико ва Аврупо, артиши Украина дар ҳамлаи ба истилоҳ ҷавобӣ ноком шуд.
Навори техникаи нобудшуда ба обрӯи ширкатҳои дифоии ғарбӣ латма заданд. Дар баробари ин рақобат дар бозори аслиҳа меафзояд. Дар ин бозор кӣ пирӯз мешавад ва кӣ хатари мағлуб шудан дорад - дар маводи мо хонед.
Интизориҳои зиёд
Танкхои "Леопард 2"-и концерни " Rheinmetall " ба мақоми "силоҳи нодир" мувофиқ нестанд. Ба навиштаи расонаҳои олмонӣ, шояд ширкат дар бозори байналмилалӣ мушкилот дошта бошад. Киев ва шарикон пас аз дарёфти таҷҳизот дар аввали соли 2023 умед доштанд, ки муноқишаро ба нафъи худ гардонанд. Ин тавр нашуд. Гузашта аз ин, Rheinmetall худро ҳамчун шарики беэътимод муаррифӣ кард - зиёда аз як маротиба аз ҷадвал интиқол ақаб мемонд ва интиқолро ба таъхир меандохт.
Бояд гуфт, ки сарбозони рус бо тонкҳои “Леопард” бомуваффақият мубориза мебаранд. Ҳатто тибқи маълумоти расмии Украина, аз моҳи июн то кунун беш аз даҳ дарсади шумораи умумии тонкҳои дар ихтиёрдоштаи артиши Украина аз байн бурда шуданд. Эҳтимол, рақами воқеӣ зиёдтар бошад. То охири сол ба Киев 71 тонк супурда мешавад. То кунун ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳамагӣ 54 адад, аз ҷумла нобудшудагон расидааст.
"Леопард"-ҳои аз кор монда метавонанд ҷойгузини "Абрамс"-ҳо шаванд. Даҳаи аввал то нимаи моҳи сентябр супурда мешавад. Аммо, мушовирони ғарбӣ тавсия намедиҳанд, ки Киев онҳоро дар ҳамлаи ҷавобӣ истифода барад, зеро тонкҳои олмонӣ, тавре маълум шуд, дар майдони ҷанг хеле осебпазиранд. Ба навиштаи The Wall Street Journal, суръате, ки артиши Украина таҷҳизоти дарёфтшударо аз даст медиҳанд, на танҳо мақомоти Киев, балки муттаҳидони онҳоро низ дар ҳайрат гузоштааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси ширкати Rheinmetall, Армин Паппергер гуфт, ки Ғарб ба амалиёти низомӣ дар Украина бо истифода аз аслиҳаи анъанавӣ омода нест. Захираҳо зуд тамом мешаванд. Барои пур кардани лавозимоти ҷангӣ камаш хафт сол лозим аст.
Ҳоло роҳбарияти ширкат интизор дорад, ки дар оянда метавонад барои Аврупо 800 танки нав истеҳсол кунад. Бо вуҷуди ин, агар талабот ба Леопардҳо ба сабаи обрӯи пастшудааш коҳиш ёбад, консерт бо талафоти калон дучор хоҳад шуд.
Пантерҳо зидди Леопардҳо
Минтакаи низоъ барои ширкатҳои низомии Ғарб ба як майдони озмоиш ва майдони ракобат табдил гардид. Масалан, Леопардҳо бо танки Бритониёи Челленҷер 2 рақобат мекунанд. Дар моҳи январ Бритониё ваъда дод, ки ба Киев 28 мошин интиқол хоҳад дод. Маълум аст, ки "Челленҷерҳо" аллакай дар амалиёти чанг истифода бурда мешаванд. Яке аз онҳо чанде пеш дар вилояти Запорожие нобуд карда шуд.
Рақиби ҷидди ба техникаи ғарб метавонад тонкҳои K2 "Пантераи сиёҳ" Кореяи Ҷанубӣ шавад. Сеул ба Киев силоҳи вазнин намефиристад, аммо Лаҳистон 28 "Пантера" дар ихтиёр дорад, ки эҳтимоли пайдоиши онҳо дар қаламрави Украинаро истисно намекунад.
Дар маҷмӯъ Варшава ният дорад то соли 2026 аз Кореяи Ҷанубӣ ҳазор танк бихарад. Онҳо пурра Леопрадҳое, ки ба Украина фиристода мешаванд, иваз хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, BAE Systems талош дорад, ки аз низоъ ҳарчи бештар фоида ба даст орад. Ҳоло дар Украина намояндагии ширкат фаъолият мекунад. Мудири кулли ин ширкат Чарлз Вудберн бо Зеленский дар бораи маҳаллисозии истеҳсол, таъмир ва таъминоти қисмҳои эҳтиётӣ ба мувофиқа расид. Киев ба истеҳсоли системаҳои тӯпхонаӣ L119 ва M777, инчунин BMP CV90 умед дорад.
Илова бар ин, раиси ширкати Rheinmetall гуфтааст, ки концерн омода аст, ба нигоҳдорӣ ва васлкунии танкҳо дар Украина шурӯъ кунад.
Аллакай 12 нафар мутахассисони украинӣ дар Олмон таҳсил кардаанд ва ҳамин миқдор баъдтар низ таълим хоҳанд гирифт.
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони нашрияи Politico бар ин назаранд, ки маҷмааи саноати низомии Иттиҳодияи Аврупо аз тарси берун шудан аз бозори худ ба пирӯзии Украина манфиатдоранд. Новобаста аз зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот, Иттиходия барои давом додани ҷангӣ тулонӣ иқтидор надорад.
Фоида ба кист?
Коршиноси низомӣ Алексей Леонков дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт: "Ҳама гуна низоъ намоиши имкони силоҳ аст". Ба гуфтаи ӯ, натиҷа ба нафъи технологияи хориҷӣ нест: "Танкҳои хос вуҷуд надоранд. Таблиғоти ғарбӣ тасаввури "силоҳи мӯъҷизавии” ғолибиро ба вуҷуд овардааст. Амалиёти вижа ҳама чизро ба ҷои худ гузошт."
Леонков бовар дорад, ки Леопардҳои нобудшуда сабаби арзоншудани саҳмияҳои Rheinmetall мебошанд. Ин барои ширкатҳои амрикоӣ фоидаовар аст, ки баъдтар метавонанд тамоми концерн ё як қисми онро бо нархи арзон харидорӣ кунанд. Ҳоло Иёлоти Муттаҳида имкониятҳои саноатии худро таблиғ мекунад, то истеҳсолкунандагони аврупоӣ ба хориҷа кӯчонида шаванд.
Коршинос меафзояд, дар навбати худ ба "Пантераи сиёҳ"-и Кореяи ҷанубӣ низ бояд бо шубҳа муносибат кард.
"Танк бо электроника пур карда шудааст. Чунин ақида вуҷуд дорад, ки ин дар майдони ҷанг бартарӣ медиҳад. Аммо як нозуки вуҷуд дорад: танк дар набардҳо иштирок накардааст. Дар тамрингоҳ баъзе шароитҳо вуҷуд доранд, аммо дар ҷанги воқеӣ шароит дигар аст”, — таъкид мекунад Леонков.
Сардори шуъбаи пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ, коршиноси низомӣ Владимир Евсеев мутмаин аст, ки талафоти техникаҳои низомии ғарбӣ аллакай хеле ҷиддӣ аст.
"Пеш аз ҳама, ин ба истеҳсолкунандагони аслиҳаи аврупоӣ, бахусус ба олмониҳо рабт дорад. Бархе кишварҳо метавонанд умуан аз хариди Леопардҳо даст кашанд. Бисёре аз тонкҳои хориҷӣ нобуд шуданд ва тамоми дунё онро дид", - мегӯяд таҳлилгар.
Дар хусуси ИМА бошад, дар ин вазъият, боварӣ дорад Евсеев, онҳо инчунин имконият доранд, ки аслиҳаи худро ба гардани аврупоиҳо бор кунанд. Бар асари нобудсозии Леопардҳо ва Челленҷерҳои, корхонаҳои низомӣ зарар мебинанд ва Вашингтон тонкҳои Абрамси худро ба шарикон мефурушад. Ҳамин тарик, фоидаи асосӣ саноати низомии Амрико мегирад.