ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Фирдавс Самадзода таъкид кардааст, ки воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар минтақа аҳолиро бо асъори нақд таъмин намудаанд, иитилоъ додааст сомонаи Pressa.tj.
Вай гуфт, ки дар 7 моҳи соли 2023 ба мизоҷон маблағи 65,7 млн доллари нақд фурӯхта, аз мизоҷон 1,2 млн доллари нақд харида шудааст.
Вай илова кард, ки ба санаи ҳисоботӣ дар қаламрави минтақа 17 адад ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар ҳайати онҳо 219 адад хазинаҳои ивази асъор мебошанд, фаъолият менамоянд.
Инчунин оқои Самадзода зикр кард, ки барориши пули нақд дар минтақа дар давраи ҳисоботӣ маблағи 224,7 млн сомонӣ ва пулҳои фарсудаи аз муомилот гирифташуда маблағи 49,1 млн сомониро ташкил додааст.
Теъдоди воҳидҳои сохтории низоми бонкии минтақаи Бохтар ба санаи 31-уми июли соли 2023 дар маҷмуъ 69 ададро ташкил дода, аз 1 адад Шуъбаи минтақавии БМТ, 39 адад филиалҳои бонкҳо, 6 адад саридораҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд ва 23 адад филиалҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд иборат мебошад. Дар таркиби воҳидҳои сохтории мазкур иловатан 298 адад марказҳои хизматрасонӣ фаъолият менамоянд.