ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Воҳидҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) размоиш барои нуҳуфта мондан аз ҳавопаймоҳои бесарнишинро баргузор карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти СААД иттилоъ дода, аз қавли фармондеҳи ситоди муштарак, генерал-полковник Анатолий Сидоров овардааст, ки воҳидҳо барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда, тамрин доранд.
Бо дарназардошти истифодаи фаъоли ҳавопаймоҳои бесарнишин дар муноқишаҳои мусаллаҳи муосир, таваҷҷӯҳи махсус ба мавзӯъҳои пинҳонмонӣ аз онҳо дода мешавад.
Ҳадаф аз баргузории тамринҳо беҳбуди омодагии нерӯҳои СААД ба сенарияҳои мухталифи амалиёт ва ҳамчунин таҳкими ҳамоҳангии кишварҳои узви ин созмон дар заминаи таъмини амнияту субот арзёбӣ гардид.
Тамрини мубориза бо бесарнишинҳо дар ҳоле мебошад, ки қаблан пешниҳод шуд, мавзӯи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба барномаи таълимии тайёрии ибтидоии ҳарбӣ дар синфҳои болоии макотиби Русия дохил карда шавад.
Дар барномаи таҳсил гуфта мешавад, ки муҳассилин бояд дар бораи усулҳои истифодаи ҷангии ҳавопаймоҳои бесарнишин ва иктишоф тасаввурот дошта бошанд.
Инчунин, ба талабагони синфҳои болоӣ алгоритми кори бесарнишинҳои ҳариф омӯзонда мешавад.