Коҳиши якбораи беш аз 30 дарсадии муҳоҷирон дар яке аз минтақаҳои Русия

Дар ин минтақа муҳоҷирони корӣ асосан дар соҳаи сохтмон кор мекунанд - зиёда аз 45% шумораи умумии онҳо дар ин ҳамин бахш кор мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Шумори шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Коми ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ин вилоят хабар додааст.
Ҳамин тариқ, тибқи ҳисобҳо, то моҳи августи соли 2023 дар ин ҷумҳурии Русия 4,5 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шуда буданд, дар ҳоле ки то 1 августи соли 2022 онҳо 6,6 ҳазор нафар буданд.
Ҳамин тариқ, дар давоми сол шумораи муҳоҷирон 32,2% кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони Тоҷикистон 14,6%-и шумори умумии хориҷиёнро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ 1,6 ҳазор муҳоҷир аз ин кишвар дар феҳристи муҳоҷират қарор доранд.
Намояндагии “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” дар вилояти Хатлон кай боз мешавад?
Қобили зикр аст, ки қисми асосии муҳоҷирон – 4,9 ҳазор нафар ё 45,2%-ро шаҳрвандони Ӯзбекистон ташкил медиҳанд.
Озарбойҷон низ дар сегонаи аввал аст - 1,6 ҳазор нафар шаҳрвандони ин кишвар ба Коми омадаанд.
Мақомоти вилоят қайд мекунанд, ки муҳоҷирон умдатан дар соҳаи сохтмон кор мекунанд - беш аз 45% шумораи умумии онҳо дар ин ҷо кор мекунанд.
Инчунин муҳоҷирон дар соҳаҳои ҳерин кор мекунанд:
истихроҷи маъдан;
корхонахои коркард;
нақлиёт;
савдо;
Кишоварзӣ;
хизматрасонй.
Аз аввали соли 2023 дар Коми 467 нафар шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.