ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Маоши миёнаи номиналӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз 365 то 915 доллар ё худ аз 28 то 70 ҳазор рубли русиро ташкил додааст.
Дар ин бора департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё иттилоъ дода, афзудааст, ки баландтарин суръати рушди маош дар Арманистон ва Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст, ки мутаносибан қариби 20 ва 30%-ро ташкил додаст.
Аз миёни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баландтарин маош дар Русия ба қайд гирифта шудааст, ки моҳона беш аз 70 ҳазор рубл ё зиёда аз 900 доллари амрикоиро ташкил додааст.
Бо вуҷуди афзоиш, ҳанӯз пасттарин маош дар Қирғизистон сабт шудааст, ки муодили 367 доллар ва ё 28,3 ҳазор рубли Русия мебошад.
Маоши миёнаи номиналӣ дар Арманистон зиёда аз 670 доллар ва ё 51,4 ҳазор рубл ва дар Белорус ба 633 доллар ё 48,5 ҳазор рубли русиро ташкил додаст.
Ин нишондод дар Қазоқистон ба 780 доллари амрикоӣ ва ё худ қариб 60 ҳазор рубли Русия баробар гардидаст.
Қаблан Комиссияи иқтисодии АвруОсиё иттилоъ дода буд, ки тамоми кишварҳои узви иттиҳод тайи нимсолаи аввали соли равон рушди иқтисодашонро дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта таъмин намуданд.