Оғози мумфаршкунии роҳи Вогат-Курушкадаи шаҳри Истаравшан

Бо маблағгузории мақомоти шаҳр ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон роҳи Вогат-Курушкадаи дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд пурра мумфарш мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан мумфаршкунии роҳи Вогат-Курушкадаи оғоз ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими оғози мумфаршкунии роҳ иштирок кард.
Роҳи мазкур бо маблағгузории мақомоти шаҳр ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон ба масофаи 2,2 км пурра мумфарш гардида, корҳои роҳсозиро ҶДММ "Роҳи Ваҳдат" ба уҳда дорад.
Тавассути ин роҳ беш аз 11 ҳазор сокинони маҳаллаҳои Вогату Курушкада равуо мекунанд.
Бунёди 12 ҳазор иншооти гуногун дар давоми се соли оянда дар Суғд
Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки имрӯзҳо дар тамоми қаламрави вилоят корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таъмиру тармими роҳҳои дохилӣ идома дорад.
Вай таъкид кард, ки нақши соҳибкорону сокинон дар ободии кишвар назаррас аст.
Раиси вилоят изҳори боварӣ кард ки сокинони шарафманди вилоят бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ҷашнҳои милливу давлатиро истиқбол гирифта, дар иҷрои бунёдкориҳо минбаъд низ софдилона меҳнат мекунанд.