Ҳайати конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Эрон ба Тоҷикистон омаданд

Ҳайати конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Эрон бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳо бо ҳамтоёни худ ба тоҷики худ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Ҳайати конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Эронро дар гузаргоҳи сарҳадии Саразми шаҳри Панҷакент намояндагони мақомоти Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Дар ин бора мақомоти шаҳри Панҷакент дар саҳифаи расмиаш хабар додааст.
Дар гузаргоҳи сарҳадии Саразми шаҳри Панҷакент намояндагони мақомоти шаҳр, федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент ҳайати конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Ҷумҳурии исломии Эронро пешвоз гирифтанд.
Меҳмонони олиқаддро дар гузаргоҳи марзӣ бо шеъру суруд ва нону намак пазироӣ намуданд.
Тавре манбаъ қайд кардааст ҳайати эрониро ноиби раиси федератсияи ҷаҳонии иттиҳодияҳои коргарӣ ва раиси конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Эрон Алиризо Маҳҷуб раҳбарӣ мекунад.
Сафири ҷадиди Эрон ба вазири хориҷаи Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супурд
Қайд карда шудааст, ки ҳайати эронӣ бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳо бо ҳамтоёни худ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Зик гардидааст, ки ҳайати меҳмонон баъди боздид аз шаҳраки бостонии Саразм ва оромгоҳи сардафтари адабиёти тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд ба ҷониби пойтахти мамлакат раҳсипор шуданд.