Тавсеаи БРИКС Вашингтонро нигарон кардааст

Афзоиши теъдоди кишварҳои узви БРИКС ва таваҷҷуҳи кишварҳо ба ин созмон баёнгари он аст, ки бархе давлатҳо аз низоми мавҷуд чандон розӣ нестанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Тавсеаи созмони БРИКС барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба як чолише мубаддал шудааст, навиштааст нашрияи New York Times.
Ба иттилои манбаъ, муддати дуру дароз Вашингтон ба ин иттиҳодия эътибор надод, вале ахиран бепарвоии онҳо ба ташвиш анҷомид.
"Вусъати БРИКС, бешубҳа, нишонаи норозигии бисёре аз қудратҳо аз низоми мавҷудаи ҷаҳонӣ ва далели майли онҳо барои беҳбуди мавқеъи худ дар ин дастгоҳ аст", - омадааст дар матлаб.
Дар ин замина минбаъд нигоҳ доштани бартарияти ҷаҳонии ИМА аз имкон берун арзёбӣ шудаст.
Фоҷиаи ҷаҳони куҳан: БРИКС ду баробар зиёд мешавад
Ахиран кишварҳои узви БРИКС тасмим гирифтанд, ки 6 узви навро ба ин созмон бипазиранд.
Дар рӯйхати аъзои нав Аргентина, Миср, Эфиопия, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб зикр гардидаанд. Узвияти ин кишварҳо аз 1 январи соли 2024 расмӣ мешавад.
Русия, ки яке аз кишварҳои узви БРИКС мебошаду соли оянда раёсат дар созмонро ба уҳда хоҳад дошт, ҷонибдорияшро тавсеаи он баён кард.