Лавров бо ҳамтои қазоқаш аз ҳамкориҳо дар доираи ИИАО гуфт

Вазири корҳои хориҷии Русия бо ҳамтои қазоқистонияш форумҳоеро баррасӣ кардааст, ки дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор мегарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Ҳамкориҳои Русия ва Қазоқистон, аз ҷумла дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мавзӯи меҳварии роҳбарони мақомоти хориҷии ду кишвар будааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, вазир, Сергей Лавров бо ҳамтои қазоқаш, Мурат Нуртлеу суҳбати телефонӣ анҷом дод.
"Роҳбарони ниҳодҳои умури хориҷӣ равобити дуҷониба ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ИИАО, аз ҷумла дар форумҳои бисёрҷонибаро баррасӣ карданд", - омадааст дар иттилоия.
Коршинос: Аксари мушкилоти ИИАО-ро наметавон бидуни сиёсат ҳал кард
Маврид ба зикр аст, дар доираи Итиҳоди иқтисодии АвруОсиё форумҳои мухталиф баргузор мешаванд, ки ба таҳкими ҳамгироӣ дар доираи созмон нигаронида шудаанд.
Ахиран сарвазири Русия, Михаил Мишустин изҳор дошт, ки ташаккули бозорҳои умумии молу хизматрасонӣ, молияву сармоягузорӣ ва инчунин - қувваи корӣ самти афзалиятноки фаъолияти минбаъда дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хоҳад шуд.
Таъкид гардид, ки кор дар созмон барои беҳтар намудани сифати зиндагӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон ва фаъолияти соҳибкорӣ равона мегардад.
Яке аз вазифаҳои муҳим ташкили фазои ягонаи таъминоти кафолатноки молу захираҳои асосӣ мебошад. Сухан пеш аз хама дар бораи амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ меравад, тавзеҳ дод сарвазири Русия.