ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Бозорҳои наздисарҳадии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Ишкошим ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дар ин бора ҳукумати ВМКБ итилоъ дода, афзуд, ки ин бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бозорҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон корашонро аз сар гирифтанд.
Дар рӯзи аввали оғози кори бозорҳо, муовини якуми раиси вилоят Шарифхон Сафарзода масъулин меҳмонони давлати ҳамсояро ба ҳузур пазируфта, бо шароити фароҳамгардида дар бозор шинос шудаанд.
"Намояндагон ва тоҷирони кишвари ҳамсоя аз ин иқдоми нек изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки минбаъд кӯшиш менамоем, ки ҳамкориҳо байни ду давлати ба ҳам наздик беҳтару хубтар ба роҳ монда шаванд", - омадааст дар иттилоия.
Сафарзода дар суҳбат бо намояндагони давлати ҳамсоя изҳор дошт, ки бо баъзе сабабҳо солҳои охир бозорҳои наздисарҳадӣ маҳкам гардиданд ва фаъолшавии дубораи он барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардуми ду кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот аз бозори наздисарҳадии маҳаллаи Тем дидан карда, барои фароҳам кардани шароити мусоид ба тоҷирони ҳарду соҳил ба масъулин тавсия додаст.
Интизор меравад, ки дубора ба фаъолият оғоз намудани бозорҳои наздисарҳадӣ ба тавсеаи мубодилаи молу коло байни ду кишвар ва таъмини ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.