Дидорбинии устод дар Данғара, ки шогирдонаш ба мақомҳои баланд расидаанд

Раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ба дидборбинии омӯзгораш рафтааст, ки замоне аз ӯ дарс омӯхтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Омӯзгори собиқадори муассисаи таълимии рақами 4-и ноҳияи Данғара, Зубайдулло Убайдуллоев барои хидматҳояш қадрдонӣ шуд.
Ба иттилои нашрияи ҳукумати Хатлон, шогирдони Убайдуллоев дар вазифаҳо ва касбу кори мухталиф фаъолият доранд. Манбаъ афзуд, ки яке аз шогирдони ин омӯзгори собиқадор, раис феълии вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба оғози соли нави хониш Давлаталӣ Саид ба дидорбинии омӯзгори давраи мактабиаш рафту сари як пиёла чой суҳбат анҷом дод.
Аксари омӯзгорони фиристодашуда ба мактабҳо ҳозир нашудаанд
Ба иттилои нашрияи "Хатлон", шогирдони Убайдуллоев имрӯзҳо дар бахшҳои гуногун фаъолияти пурмаҳсул доранд.
Таъкид шудааст, ки барои заҳматҳои бисёрсола дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас, мусоидат дар омода гардидани кадрҳои лаёқатманд, пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ Убайдуллоев қадрдонӣ гардид.
Раиси вилоят устоди собиқадорро бо нишони сарисинагии "Омӯзгори ифтихории Хатлон" қадрдонӣ намудаст.
Аз ҷумлаи хизматҳои дигари Убайдуллоев ин саҳмаш дар тайёр кардани омӯзгорони ҷавон арзёбӣ шудааст.