Сегрт ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон 19 бозигарро даъват кард

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт ҳайати мунтахабро барои бозии дӯстона бо яккачини футболи Сингапур муайян карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт, сармураббии тими Тоҷикистон барои бозӣ бо тими Сингапур, ки 8-уми сентябр дар назар аст, 19 бозигарро даъват кардааст.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз ҷумла ситоди мураббиён 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро барои рақобат бо Сингапур даъват намудаанд.
ФФТ тавзеҳ дод, ки дар робита ба ширкати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 6-ум то 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, бархе аз бозигарон даъват нагардиданд.
Доварони Тоҷикистон марҳилаи интихоботии Ҷоми Осиёи-2024-ро ҳакамӣ мекунанд
Ҳамчунин ба далели омодагии қаҳрамони Тоҷикистон дастаи "Истиқлол" ба бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё - 2023/24 бо тими "Ал-Дуҳайл"-и Қатар, чанд бозигари ин бошгоҳ дар бозии дӯстона бо Сингапур иштирок карда наметавонад.
Мавриди зиёр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 4 сентябр тариқи транзити Истанбул озими Сингапур мешавад.
Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Сингапуру Тоҷикистон 8 сентябр дар Сингапур соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ ва соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Ба ин бозӣ аз ҷумла бархе аз бозигарони тоҷик аз тимҳои хориҷӣ, аз ҷумла ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов ("Персеполис", Эрон), Зоир Ҷӯрабоев ("Нефтчӣ", Ӯзбекистон), Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев ("Кедах", Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов ("Бухоро", Ӯзбекистон) даъват гардидаанд.