ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ озими ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок мекунад.
Дар баробари ин интизор меравад, ки президент иншооти мухталифи таъйиноти иҷтимоию иқтисодиро ифтитоҳ кунад.
Кушодани корхонаи истеҳсолию хизматрасонӣ аз ҳадафҳои дигари сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара арзёбӣ гардидаст.
Дар барномаи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон инчунин мулоқот бо фаъолону сокинони вилояти Хатлон низ дар назар мебошад.
Маросими истиқболи раисҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Данғара баргузор гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар маросими истиқбол за ҷумла раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ва аҳли фарҳангу ҷавонон иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамасола дар рӯзи Рӯзи дониш дар яке аз муассисаҳои таълимии кишвар дарси сулҳ мегузаронад, ки одатан онро муҳассилин дар тамоми ҷумҳурӣ дастаҷамъона тамошо мекунанд.