ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон комиссияи вижа барои омӯзиши ҷорӣ намудани дастовардҳои ихтироъкорон дар истеҳсолот ташкил мешавад.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара дастур дод.
"Робитаи илм бо истеҳсолот, ҷорӣ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки аҳаммияти торафт бештар ва мубрам касб карда истодааст", - таъкид кард президент.
Вай Дастгоҳи иҷроияи президентро вазифадор намуд, ки бо ҷалби олимону коршиносон ва сохтору мақомоти дахлдор комиссияи босалоҳият таъсис диҳаду масъаларо омӯзад.
"Вазъи корҳоро дар ин самт ҳамаҷониба баррасӣ намояд ва доир ба густариши минбаъдаи корҳои вобаста ба ин масъала пешниҳодҳои мушаххас манзур созад", - зарур хонд Раҳмон.
Раисҷумҳур инчунин аз вазъи иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда доир ба "Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ" дар ҷумҳурӣ изҳори норозигӣ кардааст, ки ба гуфтаи ӯ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.
Дастгоҳи иҷроияи президент муваззаф шудааст, ки ин масъаларо низ ҳамаҷониба омӯхта, ба роҳбари давлат гузориш пешниҳод намояд.