ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Бемории ботулизм дар давоми 3 соли охир (2021, 2022 ва 8 моҳи соли 2023) нишон медиҳад, ки бақайдгирии бемории ботулизм дар байни аҳолӣ нисбатан кам гардидааст.
Дар ин бора вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, агар дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 30 ҳодиса ба қайд гирифта, 118 нафар заҳролуд шуда, аз инҳо 7 нафарашон фавтида бошанд, пас дар соли 2022 17 ҳодиса ба қайд гирифта шуда, 47 нафар заҳролуд шуда, 6 нафар фавтидаанд, ки нисбатан камтар мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои вазорат дар 8 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 4 ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ботулизм ба қайд гирифта шуда, 10 нафар заҳролуд шуданд ва 3 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
Вазорат қайд кардааст, ки дар 10 соли охир ҳодисаҳои бақайдгирии бемории ботулизм аз истеъмоли маҳсулотҳои консервашудаи дар корхонаҳои саноати хӯрока, сехи консервабарорӣ ва аз муассисаҳои хӯроки умумӣ ва савдо ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳодисаҳои ба қайд гирифташуда 100% аз истеъмоли хуришҳои консервагии дар шароти хона омодашуда мебошад.