ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё байни наврасон ва ҷавонон Абдуҷаъфари Баҳодур (53 кг) ва миёни ҷавонон Муҳаммадризо Шукуров (55 кг) намояндагӣ мекунанд, иттилоъ додааст сомонаи “варзиш”.
Чемпионати Осиё байни наврасон ва ҷавонон оид ба таэквондо WT аз 2-юм то 13-уми сентябр дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор мегардад.
Қайд карда шудааст, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз қораи Осиё ширкат меварзанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хонандаи синфи 9 - и мактаби миёнаи №21 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Марям Абдураҳимова дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи таэквондо (ИТФ), ки дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баршузор шуд, соҳиби медали тилло ва сазовори унвони чемпион ё қаҳрамони ҷаҳон гардид.
Чемпионати ҷаҳон дар риштаи таэквондо бо иштироки беш аз 900 варзишгар аз 45 кишвари дунё дар шаҳри Остона баргузор шуд. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар умум 24 варзишгар намояндагӣ кард.