ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Дар Душанбе Форуми олимони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, иттилоъ додааст Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Форуми олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ 13-14 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мегардад.
Қайд карда шудааст, ки форуми мазкур дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баргузор мегардад.
Академияи илмоҳои Тоҷикистон хабар додааст, ки дар форум роҳбарон ва коршиносони академияҳои илмҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва олимони тоҷик иштирок хоҳанд кард.
Ҳамзамон, дар доираи ин ҳамоиш шиносоӣ бо дастовардҳои илми тоҷик, ташрифи меҳмонон ба мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Зикр гардидааст, ки бо ин мақсад кумитаи тадорукот ташкил шуда, масъулин ва мутасаддиён барои дар сатҳи баланд гузаронидани форуми илмӣ вазифадор гардидаанд.