Коршинос: Аксари мушкилоти ИИАО-ро наметавон бидуни сиёсат ҳал кард

Коршиноси бахши молиявӣ, изҳороти нахуствазири Беларус дар бораи таҳияи чораҳои ягона бар фишори таҳримҳои Ғарбро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар сӯҳбат бо радиои Sputnik Беларус номзади илмҳои иқтисодӣ Александр Козлов қайд кард, ки бидуни роҳи ягонаи сиёсӣ ҳамкории минбаъда дар доираи ИИАО торафт мушкилтар мешавад.
"Ошкор аст, мушкилоти берунаи зиёде вуҷуд дорад, ки онҳоро бе иродаи сиёсӣ ва роҳи воқеан ҳамоҳангшудаи иқтисодӣ ҳал кардан ғайриимкон аст. Вакти он расидааст, ки вазифаҳои муштарак дар чаҳорчӯби ИИАО ва бидуни дастгирии сиёсӣ, бидуни роҳи равшан дарк карда шаванд”, - гуфт коршинос.
Вай таъкид кард, ки барои кишварҳои ИИАО бомуваффакият муоносибат кардан торафт душвортар мешавад. Ба ғайр аз иродаи сиёсӣ, "бисёр қарорҳо, одатан ба имкониятҳо вобастаанд. Барои ҳар як иқдом захоири моддӣ, молиявӣ ва инсонӣ лозим аст.
Ба гуфтаи вай, бояд тамоми захираҳое, ки кишварҳо дорад, аз нав дида баромада шаванд ва аз рӯи ошкоро бигӯянд, ки самти ҳаракати мо куҷост.
Сабукӣ барои рушди қолинбофӣ дар ИИАО
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш нахуствазири Белорус Роман Головченко аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё даъват кард, ки барои мубориза бо таҳримҳои ғарб кишварҳои ИИАО бояд вокунишҳои муштарак таҳия кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, аъзои Шӯрои байниҳукуматӣ дар мавриди таҳияи механизми андешидани чораҳои ба фишори иқтисодӣ ба кишварҳои ИИАО аз ҷониби кишварҳои сеюм то ҳол қарорҳои муҳим қабул накардаанд.
“Ин танҳо хоҳиши Минск нест - чунин тасмим ҳанӯз соли 2021 дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё қабул шуда буд ва пас аз он дастурҳо аз ҷониби сарони кишварҳои узви ИИАО таҳия шуда буданд”, - гуфт мақомдори белорусӣ.