ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Агентии омори кишвар, табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар 7 моҳи соли равон ба 997,4 млн доллар расидааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8% афзоиш ёфтаааст.
Тибқи иттилои манбаъ, воридот аз Русия ба Тоҷикистон дар ин муддат ба 907,6 млн доллар, содироти коло ба Русия 89,7 миллион долларро ташкил додааст.
Тибқи омор дар моҳҳои январ-июл Русия бузургтарин шарики тиҷории Тоҷикистон ҳам миёни кишварҳои ИДМ ва ҳам миёни кишварҳои хориҷӣ ба шумор меравад.
Дар ҳамин ҳол миёни кишварҳои ИДМ бо Тоҷикистон бештар Қазоқистон додугирифт кардааст. Ба иттилои Агентӣ дар ҳафт моҳи соли равон тиҷорат миёни ин ду кишвар ба 648,3 млн доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,1% кам шудааст.
Аз кишварҳои узви ИДМ нестанд, Тоҷикистон бештар аз ҳама бо Чин тиҷорат кардааст.
Ба иттилои Агентии омор, давоми 7 моҳи соли равон додугирифт 824,7 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6% афзоиш ёфтааст.
Додугирифти Тоҷикистону Русия дар соли гузашта беш аз 1,6 млрд. долларро ташкил дод .Моҳи июни соли 2023 Марат Хуснуллин, муовини нахуствазири Русия аз Тоҷикистон дидан кард. Ӯ дар доираи сафараш ба ҳайси ҳамраиси комиссияи байниҳукуматӣ хабар дод, ки ду кишвар имкони рушди минбаъдаи гардиши молро доранд.