Табаддулоти низомӣ боз дар як кишвари африқоӣ

Низомиёни боз як кишвари дигари африқоӣ дар бораи барканории президент аз қудрат хабар доданд, ки баъди роҳбарии 40-солаи падараш ба ҳукумат расида буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Натиҷаи интихоботи президентӣ дар Габон бекор ва ниҳодҳои ҳукуматӣ беэътибор эълон шудаанд, иттилоъ дод Франс Пресс.
Ба иттилои манбаъ, низомиёни ин кишвар табаддулоти давлатӣ эълон кардаанд.
"Сарбозҳои Габон эълон медоранд, ки интихобот бекор ва ҳукумат беэътибор гардид", - омадааст дар иттилоияи нашргардида аз тариқи телевизион.
Низомиён эълон доштаанд, ки низоми феълӣ дар кишварро барҳам медиҳанд. Хабар дода мешавад, ки дар пойтахти мамлакат — Либревил садои тирпарронӣ шунида мешавад.
Маскав: Ғарб натавонист ба равобити Русия ва кишварҳои Африқо таъсир расонад
Ин дар ҳолест, ки ахиран маълум шуд, раисиҷумҳури феълии Габон Алӣ Бонго Ондимба бо зиёда аз 64%-и овозҳо дигарбора президент интихоб гардидаст.
Қаблан мақомоти Габон пахши радиои фаронсавии RFI (Radio France Internationale) ва шабакаи телевизионии France24-ро мутаваққиф карда буданд. Дар кишвар соати комендантӣ ҷорӣ карда шуда, дастрасӣ ба интернет баста шуд.
Сарвари кунунии давлат Алӣ Бонго Ондимба, ки 64 сол дорад, бори нахуст соли 2009 пас аз марги падараш Умар Бонго Ондимба, ки беш аз 40 сол раисҷумҳури Габон буд, интихоб шуд.