Тоҷикистон роҳбарӣ дар Фонди наҷоти Аралро ба кӣ месупорад?

Дар нишасти Душанбе раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ як қатор мушкилоти экологии минтақа, аз ҷумла вазъи ҳавзаи баҳри Аралро баррасӣ хоҳанд кард.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Роҳбарӣ дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз Тоҷикистон ба Қазоқистон хоҳад гузашт.
Дар ин бора ноиби вазири умури хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ хабар дода, зикр намуд, ки роҳбарӣ дар Фондро ҳар се сол кишварҳо ба навбат ба ӯҳда мегиранд.
Тоҷикистон роҳбарӣ дар Бунёди наҷоти Аралро аз 2020 то 2023 ба ӯҳда дошта, 3 соли минбаъда ин масъулият ба Қазоқистон вогузор мегардад.
Расмиёти интиқоли роҳбарӣ дар назар аст, ки зимни ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки нимаи сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, амалӣ мегарданд.
Дар ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ як қатор масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла, мушкили ҳавзаи баҳри Арал баррасӣ хоҳанд шуд.
Ректорону вазирони маорифи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ҷамъ меоянд
Ба гуфтаи Содиқ Имомӣ, ҳадафи чунин ҳамоишҳо ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти наҷоти Арал мебошад.
Ӯ гуфт, Бунёди наҷоти Арал дар ҳоли ҳозир платформаи муттаҳидкунандаи тамоми кишварҳои Осиёи Миёна мебошад, ки барои таҳкими ҳамкориҳо дар масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки ин Фонд минбаъд низ ба ҳама чолишҳое, ки минтақа дар бахши муҳити зист рӯбарӯ хоҳад шуд, посухгӯ хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, ки раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Султон Раҳимзода гуфт, ки дар тӯли 30 соли фаъолияти пурсамари хазина қисми шимолии баҳр барқарор карда шудааст.
Натиҷаҳои мусбат аз ҳисоби афзоши гузариши об аз 350 ба 700 метри мукааб ҳосил гардидааст. Раҳимзода таъкид намуд, ки ҳамаи ин имкон дод, ки вазъи экологӣ дар ҳавзаи баҳри Арал беҳтар гардонда шавад.