Дидори гурӯҳи кории ҳукуматӣ аз мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Ҳисор

Гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ аз мавзеъҳои селзадаи шаҳри Ҳисор боздид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз мавзеъҳои селзадаи шаҳри Ҳисор дидан намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Ҳисор хабар додааст.
Боздид бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ сурат гирифтааст.
Мақомоти ҳисор қайд кардааст, ки гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо сокинони маҳаллӣ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, вохӯрӣ намуда, ба масъулини соҳа ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Қурбониёни сел дар Тоҷикистон афзоиш ёфтанд
Ёдовар мешавем, ки 27 авгуcт бар асари боронҳои пай дар пай ва шадид ба хонаҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии деҳаҳои шаҳри Ҳисор хисороти ҷиддии иқтисодӣ расид.
Бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 28 август таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Ҳайати гурӯҳ ба маҳали ҳодисаи фавқулода - ҷамоатҳои деҳоти шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакию Варзоб рафта, зарари хисороти расидаро муайян менамояд.
Тибқи иттилои ахир борнигариҳои рӯзҳои охир, ки селу ярч дар пай доштанд, дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон 21 кушта барҷой гузоштанд.
Селҳои харобиовару маргбор дар Тоҷикистон - аксҳо
КҲФ хабар додааст, ки аз миёни 21 қурбонии борону селхезиҳои охир 17 нафар дар шаҳри Ваҳдат, 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 нафар дар ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расидаанд.
Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ мегӯянд, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома доранд.
Нисбатан зиёд дар боронигариҳои рӯзҳои 27 ва 28 август, шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Душанбе ва навоҳии Рӯдакӣ, Варзоб ва минтақаи Рашт зарар дидаанд.