ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Давлати Эрон вобаста ба ҷонбохтани шаҳрвандони Тоҷикистон дар селхезиҳои ахир дар манотиқи гуногуни кишвар изҳори ҳамдардӣ кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон Носири Канъонӣ бо изҳори таассуф аз ҷонбохтани аз шаҳрвандон дар боронгариҳо ва селхезиҳои ахир дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба хонаводаҳои ҷонбохтагони ин ҳодисаи талхи табиъи ибрози ҳамдардӣ ва барои осебдидагон беҳбуд ва саломати масъалат кард.
Ёдовар мешавем, ки боронгариҳои рӯзҳои охир, ки селу ярч дар пай доштанд, дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон 21 кушта барҷой гузоштанд.
Тибқи иттилои КҲФ, аз миёни 21 қурбонии борону селхезиҳои охир 17 нафар дар шаҳри Ваҳдат, 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 нафар дар ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расидаанд.
Ин омор метавонад ниҳоӣ набошад, чун расонаҳои маҳаллӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои марг бар асари офати табиӣ дар навоҳии дигари ҷумҳурӣ низ иттилоъ дода буданд, аммо расман ин гузоришҳо ҳанӯз таъйид нагардидаанд.
Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ мегӯянд, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома доранд.
Нисбатан зиёд дар боронигариҳои рӯзҳои 27 ва 28 август, шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Душанбе ва навоҳии Рӯдакӣ, Варзоб ва минтақаи Рашт зарар дидаанд.
Барои арзёбии хисороту бартарафсозоии оқибатҳои офати табии рӯзҳои охир комиссияи вижа бо иштироки мақомдорони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ташкил гардидааст, ки аз минтақаҳои осебдида боздид мекунад.